Пурсишҳои одӣ

Чорабинии «Питчинги Айфилм» чист?

Чорабинӣ барои пешниҳоди идеяҳо ва тарҳҳои филмсозон бо мақсади дарёфти дастгирии омӯзишӣ, молиявӣ ва пахши асарҳо аз шабакаи “Айфилм»”

Тамоми филмсозони аз 18-сола боло, ки ҳадди ақал як таҷрибаи сохтани филми кӯтоҳ ё ҳамкории ҳирфаӣ дар лоиҳаи синамоӣ дошта бошанд.

Танҳо тавассути сомонаи расмии чорабинии ва бо пур кардани шакли электронии сабти ном имконпазир аст.

Тибқи эълон, муҳлати ирсоли тарҳҳо то санаи 30-уми обони соли 1404 (21 ноябри соли 2025) муқаррар гардидааст

Тарҷумаи ҳол (резюме), ҳуҷҷатҳои моликияти зеҳнӣ, китобчаи тарҳ, нусхаи видеоӣ, постер ва суратҳои саҳна, ҳамагӣ бояд дар як файли ягонаи ZIP ҷамъоварӣ шаванд.

Файли видео набояд аз 500 MB зиёд бошад ва дар форматҳои MP4 ё MOV пешниҳод мегардад.

Дигар ҳуҷҷатҳо бояд тибқи форматҳои муайяншуда (PDF, JPG/PNG) ирсол шаванд.

Ҳамаи маводҳо бояд якҷо дар як файли ZIP гузошта шаванд ва тавассути пайванди (линки) дастрас ва умумӣ, бе ниёз ба парол ё тасдиқ, дар шакли электронии сабти ном боргузорӣ гарданд

Бале, пайвандҳо бояд қобили дастрасии умумӣ (Public) ва бе маҳдудият ё парол бошанд.

.(Пешниҳод: истифода аз Google Drive)

Ғолибон аз омӯзиши тахассусӣ, кумакҳои молиявӣ, имкони пешниҳод ба сармоягузорон, пахши асарҳо аз шабакаи Айфилм ва муаррифӣ дар барномаҳои таҳлилӣ баҳраманд мегарданд.

Дар маросими ҷамъбастии чорабинии ва инчунин тавассути шабакаи Айфилм ва сомонаи расмии чорабинии эълон мегарданд.

Бале, то поёни муҳлати ирсоли асарҳо, бо пешниҳоди шакли нав, ки ном ва маълумоти фиристанда бо шакли қаблӣ пурра мувофиқат мекунад, имконпазир аст.

Ба ирсоли такрорӣ посух дода намешавад.

Пеш аз ирсоли шакли ислоҳшуда, ҳатман шакли иртибот бо дафтари мукотибот пур карда шавад.

Мубодила